Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шаҳрвандон ва дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҳар рӯза аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил қабули шаҳрвандон дар қабулгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон гузаронида мешавад.

Дар давоми ҳафта шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунҳои амалкунанда баррасӣ намудани онҳо ба масъулини дахлдор дастуру мупоришҳои мушаххас дода шуд.