Ҳангоме, ки сокинони Бадахшон дар диёри кӯҳистон Пешвои миллатро бо хушнудии беандоза исиқбол мегиранд ва дар атрофи ӯ ҳалқа зада, масъалаҳои муҳими зиндагиро арзёбӣ мекунанд, дастуру супоришҳо ва панду насиҳатҳои ӯро бо гӯши ҷон мешунаванд, дилро чунин эҳсосоте пайдо мешавад, ки дар симои сокинони кишвари кӯҳистон тамоми мардуми мамлакат гирди Сарвари ғамхор ҷамъ омадаанд ва ин як рамзи ваҳдату якпорчагӣ ва дар атрофи Президенти мамлакат муттаҳид будани ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, мардуми Бадахшон дар қатори сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз файзи истиқлол ва ғамхории зиёди Сарвари мамлакат хеле ва хеле бархурдор аст. Дар тӯли зиёда аз 30 соли истиқлолият дар кӯҳистони барои зиндагии осуда начандон созгор корҳое сомон дода шуданд, ки онҳоро орзу кардан ҳам дар хаёли касе набуд ва мардуми сипосгузори вилояти мо инро ба таври ҳамешагӣ эътироф мекунанд. Мактабу кӯдакистон, бемористону бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаву марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳою нақбҳо ва пулҳо- ҳама аз дастрас гардидани зиндагии боз арзандатаре дарак медианд. Тамоми корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонии минтақаҳои гуногуни диёри моро, ки натиҷаи ғамхориҳои бевоситаи Сарвари мамлакати мо мебошанд, бо як байт ифода кардан мумкин аст:

Эй Ватан, бо сӯзи ҷони хештан месозамат,

Хона- хона, деҳа-деҳа, эй Ватан, месозамат!

Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Ваҳдат дар Бадахшон ҳангоме, ки Президенти мамлакат ба Шуғнони ваҳдатшиор ва лабрези шодию нишот ташриф оварданд ва иншоотҳои хеле зиёдеро ба истифода доданд , бо чеҳраи ҳамеша кушодаашон аз назди сафҳои зиёди мардуми аз дидори Сарвари мамлакат шодмон мегузаштанд ва «Хушбахт бошед», «Саломат бошед» мегуфтанд, мардум дар ҳақиқат ҳам худро хушбахт ҳисоб мекарданд. Зеро агар ин дуову таманноҳо аз як тараф орзуи ҳамешагии подшоҳи мамлакат бошанд, аз ҷониби дигар дуоҳои шахсе буданд, ки тамоми ҳастии худро барои хушбахтӣ ва саодати мардуми Тоҷикистон бахшидааст. Ва мардум боварӣ доранд, ки дуо ва таманноҳои аз забони ин марди боихлос ва эътиқодманд гуфташуда ба даргоҳи Худованд мустаҷоб хоҳанд шуд.

Рӯзҳои Ваҳдат имсол хеле самимӣ, пуршукӯҳ , дилнишин ва хотирмон гузаштанд:

Ҷашни Ваҳдат дар Бадахшон мисли як афсона буд,

Меҳри гарми Тоҷикистон гӯйӣ дар ин хона буд.

Офтоби Ваҳдати мо шамъсон аз сӯзи ишқ,

Мардуми мо аз муҳаббат гирди ӯ парвона буд.

Ғоибназаров Шавкат, директори МТМУ № 23

Возможно, это изображение 4 человека и текст