Санаи 10 – уми июли соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар шашмоҳаи соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба намояндагӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ муовини раиси ВМКБ муҳтарам Муслима Афзалшоева иштирок намуданд.

Пас аз муайян гардидани регламенти корӣ аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2025 муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон Шохуррамзода Руслан ҳисобот дод.

Сипас сардорони сохторҳои молия, андоз, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони масъули ноҳия, ба музокира баромада, оид ба фаъолияти соҳа ва дар самти камбудиҳо суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар рафти маҷлис аз раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Дар идома муовини раиси ВМКБ муҳтарам Муслима Афзалшоева баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия ба роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дастур доданд, ки бо дарназардошти сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба роҳбарияти ноҳия вобаста ба Барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди иқтисодии ноҳия, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, самти кишоварзӣ, энергетика, дар бораи зимистонгузаронӣ, ба роҳ мондани фаъолияти хубӣ сохтмони корхонаву коргоҳҳои хурди саноатӣ, сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва дар ин самт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ибрози андеша намуданд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳия дар шаш моҳи соли 2025 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

: