Ҳамарӯза қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил баргузор мегардад. Дар ҷараёни он шаҳрвандон имкони мустақиман мушкилоти худро ба роҳбарияти ноҳия иброз менамоянд. Раиси ноҳия бо диққат муроҷиати ҳар як шаҳрвандро баррасӣ намуда, барои ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда дастурҳои зарурӣ медиҳад. Қабули шаҳрвандон бо ҳадафи баланд бардоштани эътимоди мардум ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон сурат мегирад. Ҷараёни қабул дар фазои озоду шаффоф гузаронида мешавад. Барои баррасии минбаъдаи муроҷиатҳо супоришҳои дахлдор ба кормандони масъул дода шуд. Қабули шаҳрвандон минбаъд низ ҳаррӯза дар қабулгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон идома меёбад.