Имруз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хониши идорави доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар борам масулияти падару модар дар талиму тарбияи кудак” аз чониби котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кудак гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накў ва ба ҷомеа нафъ расон мебошад.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пур хонда ва соҳиб фазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умуми башарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад.