Ҷиҳати баландшави гармии ҳаво рудхонаи деҳаи Оқмамад аз маҷрӯъ баромада, ба як хонаи истиқомати қисман зарар расонидааст.
Ҷиҳати кам кардани хавфи офати табиӣ дар деҳаи Оқмамади бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва сокинони деҳа корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ гардид.
Бояд қайд намуд, ки аз шафати хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Оқмамад рӯдхона мегузарад, ки қариб ҳамасола дар натиҷаи омадани селҳои мавсимӣ ба хоҷагиҳои деҳа хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.
Роҳбарияти ноҳия зимни сафари кори ба ҷамоати деҳот аз хонаи истиқоматӣ, ки дар натиҷаи офати табии зарар дид дидан намуда, барои бартараф намудани он ба сохторҳои дахлдори ноҳия супориш доданд.
Айни ҳол дар асоси супориши раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил техника ва механизми пуриқтидор ба мавзеи мазкур сафарбар гардида, дар якҷоягӣ бо аҳолии деҳот барои паст кардани хавфи офати табиӣ кор карда истодаанд.






















































































































































































































































































































































































































































































