.
Зимни сафари кории раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил ба Ҷамоати деҳоти Ванқалъа бо корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббии деҳаи Морҷ шиносои пайдо намуданд.
Бояд қайд намуд, ки сохтмони бунгоҳи тиббӣ тибқи дархости сокинон бо ташаббуси МИҲД-и ноҳияи Шуғнон ва саҳми сокинон ба анҷом хоҳад расид.
Роҳбарияти ноҳия ҷиҳати босифат ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шуда, солҳои зиёд ба ба сокинони деҳаи номбурда хизмат намояд.




















































































































































































































































































































































































































































































