Нисфирӯзии санаи 26 июли соли равон раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар доираи сафари корӣ ба ҷамоати М. Ширинҷонов аз муассисаҳои таълимии ҷамоат дидан намуд.
Зимни боздид раиси ноҳия бо шароити таъмири муассисаҳои таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳо ва омодагӣ ба соли нави хониш дар муассисаҳои таълимӣ шинос гардида, бо устодон сӯҳбати озоду самимӣ доир намуд.
Раиси ноҳия қайд дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус равона менамояд.
Дар навбати худ ҳар як омӯзгор ва волидайн ғамхории Пешвои муаззами миллатро бояд хуб дарк намуда, насли наврасу ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоянд ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ намуда, тибқи он кору фаъолият намоянд.






















































































































































































































































































































































































































































































