25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи онро қабул намуд.
Шоёни зикр аст, ки ташаббуси мазкур аслан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад.


















































































































































































































































































































































































































































































