Барои қадрдонии фаъолони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
29 июли соли 2025 дар дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва кормандони идораву муассисаҳои ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро роҳбарияти ноҳия ифтитоҳ намуда, ба иштироккунандагони ҷамъомад вобаста ба саҳми арзандаи ҳар як шаҳрванд дар пешбурди сиёсати сулҳпарварона ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гулгулшукуфоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Сипас Раиси ноҳия дар идома табақаҳои гуногуни ҷомеаро барои иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи гояҳои Ваҳдат, саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими сулху субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва рушди ҷомеаи мутамаддин дар ҷараёни фаъолияти пурсамари хизматӣ қадрдонӣ намуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































