Санаи 31 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назорати доир гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовини раиси ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо, бахшҳо ва шуъбаҳо ширкат варзиданд.

Зимни баргузории кори ҷаласа масъалаҳои даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, зимистонгузаронӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ, ҷамъбаст ва табиқи барномаҳои пешбинишуда ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷро намудани корҳои банақшагирифта аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.