Таҳти ҳамин шиор санаи 2 августи соли равон дар майдончаи варзишии МТМУ рақами 12 машқи пагоҳирузӣ доир гардид. Дар машқи пагоҳирӯзӣ роҳбарияти ноҳия, тамоми роҳбарон, кормандони идораву муассисаҳо фаъолона ширкат варзида, машқу тамрин мекарданд.

Машқи пагоҳирузӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.

Машғул гардидан ба машқҳои пагоҳирӯзӣ омили солимии ҳар шахс буда, бояд ҳар нафар барои саломатии хеш ба он машғул шаваду дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзандаи худро гузорад.