Санаи 1 августи соли равон гуруҳи ҷавонони “Авангард” таҳти унвони ҷавонон пайравони Пешвои миллат ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд. Гуруҳро раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил гарму самимӣ истиқбол намуда, сараввал ҷавонон аз тамоми манотиқи кишвар аз ҷойҳои таърихии ноҳия Чашма ва осорхонаи Носири Хусрав, осорхонаи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар мавзеҳои саёҳи дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки ташрифи ҷавонон аз тамоми минтақаҳои кишвар ба ВМКБ дустии ҷавононро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Қайд кардан зарур аст, ки нисфи аҳолии ҶТ- ро ҷавонон ташкил медиҳанд ва имрузҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барояшон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Дар идома барои ҷавонон ҷамомади тантанавӣ доир карда шуда дустии байни ҷавонон боз ҳам афзунтар гардид. Дар фарҷом барои гусели ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар аз тарафи ҳунармандони ноҳия барномаи фарҳангии Шоми Шуғнон манзури ҷавонон гардид.




Все реакции:

















































































































































































































































































































































































































































































