5 августи соли равон раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Сучон ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳо ва омодагии муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ барои соли нави хониш ва зимистонгузаронӣ аз муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Сучон дидан кард.

Зимни боздиди муассисаҳои таълимӣ раиси ноҳия ба синфхонаҳои мактаб даромада, бо шароити таълим шинос шуда, бо омӯзгорон сӯҳбат орост ва барои бо муваффақият гузаронидани соли хониш маслиҳатҳои муфид доданд.