Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии муовини раиси ноҳияи Шуғнон Шохуррамзода Руслан дар деҳаи Кулеви ҷамоати деҳоти Навобод бо сокинон сӯҳбату вохуриҳо доир намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот Комиссари ҳарбии ноҳия, намояндаи ҲХДТ дар ноҳия, директори агентии меҳнат ва шуғли аҳоли, намояндаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия низ иштирок ва баромад намуданд.