Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон Шохуррамзода Руслан дар деҳаи Вабисти ҷамоати деҳоти Навобод бо сокинон сӯҳбату вохуриҳо доир намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳия зимни баромади хеш оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин дар бораи сафарбар намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи эҳтиром ба принсип ва арзишҳои қонуният ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар мулоқот Комиссари ҳарбии ноҳия, раиси ҲХДТ лар ноҳия, намояндаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия мудири низ иштирок ва баромад намуданд.