Шуруъ аз 31– июл то 6– август соли равон барои гирифтани Ҷоми раиси ноҳия дар байни наврасони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон бозии футболи хурд роҳандозӣ гардид.

Дар мусобиқа 8 даста аз деҳаи Гожак то деҳаи Нишусп бози карда тими Пиш-1 сазовори ҷойи аввал ва соҳиби ҷоми Раиси ноҳия ва мукофотҳои пулӣ тими Нишусп 1 сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дар бозии ниҳоии ин мусобиқа раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки беҳтарин бозингарони футбол дар аз ҷониби раиси ноҳия бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиромон қадршиносӣ гардиданд.