Санаи 09 августи соли 2025 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шуғнон машқи пагоҳирӯзи бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва тамоми хизматчиёни давлатӣ ташкил гардид.

Маврид ба зикр аст, ки машқи пагоҳирӯзӣ бо мақсади тарғиб ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни хизматчиёни давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҳар ҳафта бо шиори “Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” баргузор карда мешавад.

Саломатии миллат боигарии давлат аст! Хизматчиёни давлатӣ тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоянд.