Ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади сазовор тозаву озода нигоҳ доштани диёри нозанин ҷиҳати дастгирии иқдоми неки роҳбарияти ноҳия ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд.

Дар баробари кормандони идораву муассисаҳои ноҳияи Шуғнон сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Дар ин ҳашар дар ду шафати роҳи аҳамияти байналмилалӣ , роҳравҳоро тоза намуданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми ноҳия чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри ободии диёр идома доранд.