Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии муовини раиси ноҳияи Шуғнон Шохуррамзода Руслан дар деҳаи Вери ҷамоати деҳоти Вер бо сокинон сӯҳбату вохуриҳо доир намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот Комиссари ҳарбии ноҳия, намояндаи ҲХДТ дар ноҳия, директори агентии меҳнат ва шуғли аҳоли, намояндаи бахши дин, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия низ иштирок ва баромад намуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































