Муҳтарам табибон ва собиқадорони соҳаи тиб!
Иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, олими сатҳи ҷаҳонӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии кишвар таҷлил гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон паём мерасонад..
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати беҳдошти таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, такмил додани донишу малака ва маҳорати кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша ғамхорӣ мекунанд ва давлату Ҳукумат баҳри беҳдошти ин соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то ғамхорӣ нисбати кормандони тиб бештару беҳтар гардида, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд ва таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Табибони ноҳияи Шуғнон низ иди касбии хешро дар арафаи ҷашни бузурги миллат 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунанд ва барои бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашн бо ҷидду ҷаҳди бештар меҳнат карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бо дастони мӯъҷизакор, хиради синоӣ ва суханони нек ба ҳифзи саломатии мардум мусоидат намуда, онҳоро умри дубора мебахшанд.
Бори дигар ворисони Сино – табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа ва кулли мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику таҳният гуфта, сиҳатии комил, комёбиҳои беназир, саодати рӯзгорро таманно дорам.


















































































































































































































































































































































































































































































