Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – “Шоҳнома”, ки бо иқдоми Асососгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба табъ расидааст, дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ оғоз гардид.

Бо дастури Сарвари давлат, ҳар як хонаводаи Тоҷикистон бояд нусхаи ин китобро дастрас намояд.

Мавриди қайд аст, ки дар партави ин иқдоми беназир дар ноҳияи Шуғнон 6636 ҷуфт шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – “Шоҳнома” дар 2 ҷилд дастрас шуда дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Шуғнон тақсимоти он идома дорад.

Ташаббуси мазкур баҳри баланд бардоштани ҳуввияти мардум ва алалхусус дар миёни ҷавонон ҳамчун ҳадяии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадаф аз он “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.