Имрӯз меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ, ки бо иштироки беш аз 80 нафар ҷавонони фаъол аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷараён дорад, дар ноҳияи Шуғнон гарму самими истиқбол намуданд.

Дар давом раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо ҷавонони фаъоли мамлакат вохӯри анҷом дода, дар сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои ҷавонон имконият медиҳад то дӯстӣ, ваҳдат миёни онҳо тақвият ёбад.

Зикр карда шуд, ки имрӯз давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро ҷавонон ояндаи миллат, такягоҳи давлат ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт нақши калидӣ доранд.