Баъд аз шиносои бо мавзеҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Шуғнон ҷавонони манотиқи кишвар дар чорабинии фарҳангӣ ки ҳар ҳафта ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки хурсандии ҷавонон аҳду канор надошт. Ин ҳама ба шарофати Истиқлолияти комили кишвари азизамон мебошад, ки бо талошҳову заҳманиҳои сарвари давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони фаъоли ноҳия бо ифтихорномаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон ҷавонони фаъол бо туҳфаҳои хотирмони раиси ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ гардиданд