Санаи 25 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил машварати васеъ доир гардид.
Дар машварат муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони раёсатҳо, кумитаҳо, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдори ноҳия, ширкат варзиданд.
Дар машварати васеъ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шуғнон аз 7 феврали соли 2022 №70 қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 25 январи соли 2022 №28 “Оид ба ичрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 6 январи соли 2022 №309” Дар бораи “Солҳои рушди саноат” эълон намудани солҳои 2022-2026″
2. Рафти ичрои қарори раиси ноҳия аз 14 апрели 2022, №216, ичрои карори раиси вилоятаз 11 марти соли 2022, № 79 оид ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон 30.12.2021, №567 “Дар бораи Барномаи миллии рушди ичтимоии чавонон дар Ҷумхурии Точикистон барои солхои 2022-2026”
3. Рафти ичрои қарори раиси ноҳия аз 10 январи соли 2023, №14, карори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 29 ноябри соли 2022, №402 оид ба ичрои карори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 31 марти соли 2020, №206 “Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025”
Аз рӯи масъалаи якум мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Шуғнон Бекназаров Илҳом оиди сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди соҳаи саноат дар ноҳия ахборот доданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми машварат мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Шуғнон Мамадбунаев Аҳмадулло маъруза намуда, қайд дошт, ки бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар ноҳия байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, бо ҷавонон сӯҳбату вохӯриҳо доир гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи масъалаҳо дар машварат баррасӣ гардида, масъалаҳои ҷорӣ Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани кору фаъолият дар ин самтҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.






















































































































































































































































































































































































































































































