Истиқлоли давлатӣ рукни муҳими давлатдорӣ буда, дар заминаи он давлат ҳамчун ташкилоти сиёсӣ эътироф карда мешавад. Истиқлол ҳамчун падидаи сиёсию ҳуқуқӣ ва таърихӣ қадами нахуст дар роҳи шинохти давлат ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ буда, инъикоси қудрати давлат ҷиҳати мустақилонаи муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии он мебошад.
Бо гузашти 33 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҷавонон низ тавонистанд, дар соҳаҳои гуногун саҳми созандау бунёдкорро бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат гузошта бошанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои соҳибмаърифат гардидани наврасону ҷавонони кишвар, барои дар сатҳи байналмиллалӣ эътироф шудани муассисањои олии миёна шароитҳои нави замонавӣ муҳайё карда шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои хеш нақши ҷавононро дар сиёсати давлатӣ муҳим арзёбӣ намудаанд. Аз ҷумла, дар яке аз аз Паёмҳои худ вобаста ба масъалаи ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунин таъкид карда буданд “Баъди ба даст овардани Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам оварданд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад”.
Имсол сокинони кишвари азизамон 34- умин солгарди Истиқлолияти давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва бо шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ ҷашн хоҳанд гирифт. Расо 34 сол мешавад, ки Тоҷикистони ҷавони мо давлати мустақил, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдэњтироф шуда аст.
Агар мо ба таърих назар афканем аз қадимулайём халқиятҳо ва миллатҳои гуногун барои соҳиби истиқлол шудан озод будан ва њифзи якпорчагии кишварашон муборизаи беамон мебурданд. Зеро истиқлолияти миллӣ дар ҳаёти ҳар як давлат барои рушди комили паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкониятњои васеъро фароњам месозад.
Тоҷикистони азизи мо низ як вақњо дар баробари 14 давлати дигар дар муддати солҳои тӯлонӣ дар тобеъияти Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт ва бо ба даст овардани Истиқлолияти ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ Тољикистони азизи мо низ роҳи худидоракуниро дар ҳамаи самтҳои фаъолият соҳиб шуданд ва бо истифода аз захираҳои дохилӣ бо мақсади боло бурдани иқтисоду сатҳи зиндагии мардум камари ҳиммат бастанд. Бо вуљуди ин кишвари тозаистиқлол ба душвориҳои сангину мушкилоти бузурге рӯ ба рӯ гардид. Душманон ва бадхоҳони миллат нияти аз рӯи харитаи сиёсии ҷаҳон барканор сохтани мамлакат доштанд. Бо дассисаю иғвоангези худ миллатро ба ҷанги бародаркушӣ тела дода, ватанамонро ба майдон ҷанги хонумонсӯз табдил доданд. Бисёре аз оилаҳо хонаву дари худру тарк карда, ҳамчун гуреза ба Афғонистони ҳамсоя паноҳ бурданд. Бар асари ин ҷанг бисёр ҷавонон ҳалок гардида, аксарияташон бе хонаву дар монданд.
Хушбахтона ба ҷанги шањрвандӣ Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, хотима бахшид. Тамоми гурезаҳои иҷборӣ ба ватан баргашта, ба ҳаёти осоишта машғул шуданд.
Дар воқеъ њам ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллии худро зи нав эҳё намоем.
Дар ин фосилаи кӯтоҳти таърихӣ халқи тоҷик тавонист, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бо меҳнати созандаи худ бартараф ва дар ин роҳ ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ симои шаҳру деҳоти кишвар куллан тағйир ёфта, фарқ байни шаҳру деҳот сол ба сол кам шуда истодааст. Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки истиқлол ба мо имконият дод, то ойини давлатдории ба худ хосро, ки дар он хусусиятњои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд, ташаккул дода, дар ин замина давлати миллии худро обод намоем.
Зуҳро Найшакарзода,
мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо
кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия


















































































































































































































































































































































































































































































