Бигзор парчами Истиқлолият асрҳои аср бар сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи точик парафшон бошад!
Эмомали Раҳмон Мо дар арафаи таҷлили ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад, зеро дар он арзиши олии ватану ватандӯстӣ ва давлатсозию давлатдорӣ таҷассум меёбад. Он меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як шахс ва бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамоянд. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиклоли давлатӣ мукаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Точикистон , бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комиёбиҳои мардуми шарифи Ҷумҳурӣ мебошад.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо – шаҳрвандони Точикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ , яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми ҷумхурӣ ва эъҷоди давлатдории муосирро гузошт.
Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватанпарастии миллати сарбаланду соҳибфарҳанги точик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта , бо роҳу равиши хос ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст.
Мо фарзандони Точикистон ҳама якҷо бо заҳмати аълонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обруи онро дар арасаи ҷахон боз ҳам баланд мебардорем. Дар ин бора бузурге мефармояд:
Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас неруи истиқлол, Кашад қад суи фадо, қомати дилљуйи истиклол. Ҳазорон хирмани зар пеши истиқлол чизе нест, Хазорон ташнаро сероб созад, чуйи истиқлол. Худоро, шукр мегуям, ки ман соњибватан њастам, Надорам серие, то зиндаам аз руйи истиқлол. Тобистони имсол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ташриф оварда, дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Рошткалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногунро мавриди истифода қарор доданд. Зикри гардид, ки дар даврони соҳибистиклолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр мушкилотҳо бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуданд ва чунонки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорад, ки ба қадри истиқлолу сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ бояд расид ва ин неъматҳои мукаддасу бузурги ҳаётро эҳтиёт ва ҳифз бояд кард. Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун бо эътимоди комил иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Точикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму таквияти иқтидори давлати соҳибистиклоли точикон саҳми арзишманд мегузоранд. Дар баробари дигар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардуми ноҳияи Шуғнон низ меваи шаҳдбори Истиқлолро чашида истодаанд ва ҳар як шаҳрванди банангу номус, ватандӯст ва меҳанпарасти ноҳияи Шуғнон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бузургтарин дастоварди миллат – Истиқлолиятро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта , дар пойдору устувор мондани он саъю талош намояд.
Саломатшоева О. мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон


















































































































































































































































































































































































































































































