Маърифати Шуғнон» – рӯзномаи дӯстдоштаи мардум
28 августи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи корманди Рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» Шехова Адолат доир ба мавзӯи «Маърифати Шуғнон рӯзномаи –дӯстдоштаи мардум» машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомот ва дигар идораю муассисаҳо иштирок дошта, дар муколама алоқаманд ба мавзӯи дар боло зикр гардида, сӯҳбати муфид доир намуданд.
Қайд гардид, ки рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» бори аввал соли 1986 ба фаъолияти худ оғоз намуда, таҳти унвони «Коммунисти Шуғнон» кору фаъолият мебурд. Дар он давра рӯзномаи «Коммунисти Шуғнон» ҳам нашрияи расмии мақомоти шаҳри Хоруғ ва ҳам ноҳияи Шуғнон буда, дар пешбурди сиёсати онрӯза саҳми калон дошт.
Баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони бесарусомонии кишвар рӯзномаи « Коммунисти Шуғнон» низ ба мисли дигар рӯзномаю маҷаллаҳо аз фаъолият боз монд. Ва танҳо соли 1992 дубора таҳти унвони рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» ба фаъолияти худ шурӯъ намуд ва то инҷониб хонандагони худро бо хабару рӯйдодҳои ҳаррӯзаи фарҳангиву фароғатӣ, иқтисодию иҷтимоии ноҳия ошно месозад.




















































































































































































































































































































































































































































































