Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имруз мо 34-умин солгарди онро ҷашн гирифта истодаем, аз нодиртарин падидаҳои сиёсӣ ва сарнавиштсоз дар таърихи халқи тоҷик маҳбус мешавад. Ба муносибати ин ҷашни бузург ҳамаи Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хуррамӣ ва хонаободию саодатмандӣ таманно менамоям.

Чунон,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлат мебошад”.

Бояд қайд намоям, ки ғановати хазинаи мамлакат, мутаносибан, таъмини амнияти ҷомеа ва рушду устувори минбаъдаи он аз бисёр ҷиҳат аз андозҳо вобаста аст ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дарки ин нуқтаҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва андозсупорандагон муҳимтарин омили таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷет маҳбус мешавад. Дар натиҷаи чораҳои тибқи дастуру роҳнамоиҳои Сардори давлат ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ андешидашуда, мақомоти андоз, дар маҷмӯъ, иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайяншудаи ҳисоботӣ, пурраву барзиёд таъмин намуда истодаанд. Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлати дар ҷамъбасти соли 2025 ва 8 моҳи соли ҷорӣ барзиёд таъмин кардашаванд. Ин нишондиҳандаҳо, албатта, аз дуруст ба роҳ монда шудани сиёсати андозию буҷетӣ дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки дар давраҳои минбаъда хубтар фаъолият намоем, иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ ва нақшаҳои пешбинишударо пурраву барзиёд таъмин созем.

Имрӯзҳо мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд қарор доранд, ки онро метавон ҳамчун давраи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳа арзёбӣ кард. Воқеан, равандҳои рақамикунонии соҳа, татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотӣ, ки пеш аз ҳама, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хубтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба андозсупорандагон, баланд бардоштани маъсулияти субъектҳои хоҷагидор дар таъмини риояи қонунгузории андоз, инчунин халалдор насохтани фаъолияти онҳо равона карда шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба шумор меравад.

Умуман, аз мақсад аз мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири иттилоотӣ, дар баробари дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани бақайдгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии манбаъҳои андозбандӣ, созмон додани махзанҳои маълумот, ҳамчунин ҳаддалимкон сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, бештар ва беҳтар намудани шаклҳои хизматрасонӣ ва корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ низ мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон намудҳои зиёди хизматрасониҳои давлатиро дар шакли электронӣ пешниҳод намудааст, ки бо истифода аз онҳо андозсупорандагон метавонанд вазифаю уҳдадориҳои худро шаффоф, ба таври фаврӣ, дақиқ ва бидуни сарфи зиёди вақт анҷом диҳанд. Алҳол, барои ҷорӣ кардани технологияҳои ҳозиразамони иттилооти дар мақомоти андоз корҳо идома доранд ва таъкид мекунам, ки таҳияи модулҳои амалкунанда ва дар ин замина беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз боқӣ мемонанд.

Имрӯз мо шукрона мекунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором зиндагӣ мекунем. Дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт мекунем, ба қадри Ватани озоду мустақил ва сулҳу оромӣ мерасем. Ваҳдати миллиро таҳким мебахшем ва дар баробари ин, насли навро дар рӯияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия менамоем. Ба хотири ҳифзи Истиқлол, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳар яки мо вазифадорем, ки бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Ҳаргиз фаромуш насозем, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, дар мақмуъ, ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати пурмаъсулият ва пурифтихори таърихӣ – эъмори давлатӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуниявӣ ва зиндагии бошарафу босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем. Изҳори умед мекунам, ки мо кормандони мақомоти андоз бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, фаъолиятамонро самараноктар ба роҳ мемонем, дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба дастовардҳои нави меҳнатӣ ноил мегардем ва дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ саҳмгузор мешавем.

Шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям ва ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, пирӯзию сарбаландӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Ҷашни Истиқлол муборак!

Сардори Нозироти андози ноҳияи Шуғнон Хайбаров Расул

Возможно, это изображение 2 человека и отдел новостей