Субҳи имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Шуғнон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон тамошои дастҷамъонаи пахши мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ доир гардид.
Тамошои дастаҷамъона дар муассисаи таълимии рақами 11 бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Афзалшоева Муслима сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия тамошои дастаҷамъон гузаронида шуда, гурӯҳи корӣ аз муассисаҳои таълими низ дидан карда ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил аз наздик шинос гардида, паёми шодбошии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комилро ба саҳми омӯзгорону хонандагон расонданд






















































































































































































































































































































































































































































































