Хонандагони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз дар қаламрави Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол рузи Донишро дар марҳилае ҷашн мегиранд, ки кулли мардуми саодатёру сарбаланду куҳанбунёди тоҷик ҷашни муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён-устодону хонандагони гиромиқадрро ба муносибати оғози соли таҳсил самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатӣ, саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омўзиши илму дониш барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки ин аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сол аз сол барои дастгирӣ ва рушдӣ соҳа имтиёз ва маблағгузориро зиёд намуда истодааст.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Зеро масъалаи маориф дар таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муҳиму мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунуни давлату ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола 1- сентябр бахшида ба Рӯзи дониш чун анъана дар тамоми муассисаҳо ҷамъомади идона баргузор гардида, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони ватани азизамон – Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба даст оварданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми сазовори хешро гузоранд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ бирасем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон дар раванди дарсҳо, боз ҳам бештар тарғиб намоем. Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр, муҳити носолим ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтанро надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
Устодон ва толибилмони арҷманд!
Мо бояд шукрона кунем, ки дар фазои орому осуда ва ободу зебо умр ба сар мебарем ва доимо дар кишвари азизу маҳбубамон овози ширину пурхандаи кудакону наврасон ба гӯш мерасад.
Сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад. Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол илму дониш дар байни мардум чун маънии ҳастӣ ва ҳидоятгари зиндагӣ ба арзишҳои баланд соҳиб мегардад. Эътибори давлату Ҳукумат ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаҳои баланди касбӣ мусоидат намудааст.
Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, рушди қобилияти эҷодӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, доираи забондонӣ миёни хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар байни хонандагону наврасон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон- ватани азизи ман” роҳандозӣ гардидааст, ки хонандагон метавонанд дар он фаъолона ширкат намоянд ва донишу малакаи худро сайқал диҳанд.
Ҷаҳониён халҳи бузурги Тоҷикро, пеш аз ҳама, бо китобу қаламашон мешиносанд. Расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити инқилоби навини илму техника, ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ равона намуда, ба пешбурди сатҳи таълиму тарбияи насли имрӯзу фардои кишварамон муваффақ гардем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон низ ба ривоҷу равнақи соҳаҳои илму маориф пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ин соҳаҳоро аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида, барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди донишандӯзӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод, таълиму тарбияи насли наврас, корҳои судмандро ба анҷом мерасонад.
Мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори олимону омӯзгорон, дастгирии иҷтимоии онҳо, татбиқи технологияи муосир дар таълим, баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати дониш, тайёр намудани кадрҳои болаёқат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сол аз сол маблағгузории соҳаҳои илму маориф афзуда дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон дар дурдастарин деҳаҳо баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврасу ҷавон сохтмони кудакистонҳо, марказхои рушди барвақтии кудакон ва муасисаҳои таълимӣ бо таҷҳиҷотҳои ҳозиразамон бомаром идома дорад.
Маҳз Шумо омӯзгорони мухтарам вазифадор ҳастед, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоед, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост.
Ҳозирини гиромӣ!
Бори дигар ҳамаи Шумо хонандагон ва омӯзгоронро бо соли нави хониш табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо ва мувафақиятҳои нав ба навро орзу менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!


















































































































































































































































































































































































































































































