Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

Дар тулии таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки бузургтарини он Истиқлолияти давлатӣ буда, ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату хувияти миллӣ, таҳкимбаши ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуда, бо шарофати он миллати тоҷик соҳиби рамзхои давлати – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Истиқлолият шараф ва номӯси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати сохибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртаззоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлолияти вокеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Тавре ки Шумо огоҳ ҳастед, дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ, бархе аз номуродон ин руйдоди бузурги таърихиро сараввал дуруст дарк накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохта, ҷангҳои бародаркушӣ ташкил намуда, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир карданд ва бо ҳар роҳу восита мехостанд, ки мафкураи маънавӣ ва динии ҷавонони кишварамонро тағйир дода, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Вале хушбахтона, ин мақсади нопоку хиёнаткоронаи онҳо ба шарофати сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишварамон бартараф карда шуда, нақшаи хоинони Ватан барбод рафт.

Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду дар давлатамон сулҳу оромӣ пойдор гардид.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат ва зиндагии осудаи халқи кишварамон мебошад.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ – роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ бошад, тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёри байналмилалӣ муайян мекунад.

Тўли 34 соли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асосҳои ташаккули давлатдории миллии худро ташаккулу мустаҳкам гардонид, балки дар арсаи байналмилаӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯву нуфуз ва эътибори калонро соҳиб гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби беш аз 130 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, дар аксари давлатҳои хориҷӣ сафоратхонаҳо ва консулгариҳои худро доро буда, дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои зиёда аз 30 ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ фаъолият доранд.

Дар сиёсати ҷаҳонӣ ташаббусҳои муҳиму саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ, амнияти минтақавӣ, иштироки фаъол дар ҳама созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта мешавад, ки ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ ба яке аз кишварҳои аз нигоҳи сиёсӣ хеле фаъоли минтақа табдил ёфтааст.

Маҳз самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулххоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулххоҳони ҷаҳон гаштааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишварамон аст.

Насли ҷавони кишварамон бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар тамоми кишвархои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар донишгоҳҳои бонуфӯзи мамлакатҳои ҷаҳон таҳсил мекунанд.

Дар баробари ин, мову Шумо раванди торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор аз ҷониби онҳо ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои чунин гурӯҳу созмонҳо мушоҳида карда истодаем.

Бинобар ин, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Солҳои охир истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот тавассути расонаҳои электронӣ ниҳоят васеъ гардидааст.

Ҳарчанд ки ин раванд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат карда бошад ҳам, вале аз ҷониби дигар, омили пайвастани баъзе ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ ва вайрон гардидани ахлоқи онҳо гардидааст.

Масоили мазкур ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, айни замон баъзе аз давлатҳои Аврупо ба созмонҳои байналмиллалӣ ва Ҳукуматҳои кишвари худ ҷиҳати қабули Қонуни махсус дар бораи танзими истифодабарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниходҳо ирсол намуда, қабули чунин қонунро зарур, судманд ва саривақтӣ мешуморанд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст мо дар арафаи таҷлили яке аз руйдодҳои бузурги таърихӣ – 34 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем.

Бинобар ин, ҳамаи Шуморо ба муносибати 34 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо рузгори осуда, ҳаёти осоишта, зиндагии саодатмандона ва дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоламон сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

Бигзор ормонҳои волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми мо гардад ва Истиклолияти давлати точикон то абад устувору поянда бошад!

ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ШУҒНОН, МУШОВИРИ АДЛИЯИ ДАРАҶАИ 2 БУЛБУЛШОҲЗОДА АФРАНГ ДАВЛАТНАЗАР.

Возможно, это изображение 1 человек