Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Ҳаким Алушӣ бо интихобкунандагон дар Ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон баргузор карда шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Ҳаким Алушӣ зимни суханронӣ аз масълаҳои ташвишовари рузмара, оиди истифодаи самараноки қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлиги ибрози ақида намуда, кулли сокинони ноҳияро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Инчунин вакил оид ба дастовардҳои солҳои охир дар ноҳияи Шуғнон суханронӣ карда барояшон барои ободонии диёр муваффақияти боз ҳам баландро таманно намуд.

Дар фарҷом ба дархосту суолҳои иштирокчиён ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.