Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз Қодир бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ванқалъа ҷараён гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки вохури дар толори МТМУ-и деҳаи Оқмамад доир гардида, дар он муовини якуми раиси ноҳия раиси ноҳия, сокинон ва фаъолон собиқадорони меҳнат, ходимони тибу маориф ва дигар шахсони дахолдор ширкат намуданд.
Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рӯзмара баромад намуда, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои ободу зебосозӣ баёни назар намуд:
Гуфта шуд, ки сокинони ноҳияи Шуғнон низ дар қатори тамоми мардуми кишвар аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, дар ҷодаи ободу зебо намудани диёр корҳои назаррас анҷом дода истодаанд. Бахшида ба 34 солагии Истиқлоият дар деҳаҳо корҳои созандагӣ боло рафта якчанд адад синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мағозаю ошхона барои сокинон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди пулу купрукҳо ва таъмирми роҳҳо анҷом расонида шуд.”
Маврид ба зикр аст, ки мулоқот дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифта, фаъолони ҷамоат ва дигарон баромад намуда, вобаста ба саволҳои худ посухи амиқ гирифтанд.

















































































































































































































































































































































































































































































