6 сентябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, суҳбату вохӯри бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 34-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Шуғнон сафар карданд.

Хурду бузурги ноҳияи Шуғнон раиси вилоятро дар даромадгоҳи ноҳия Ҷамоати деҳоти Сучон бо самимияти хос ва рӯҳияи баланди идона пешвоз гирифтанд.