Дар доираи сафари корӣ ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни фархундаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бунгоҳи тиббӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур дорои утоқи корӣ буда ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки бунгоҳи тиббӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории сокинон сохта шудааст.
Раиси вилоят сокинони деҳаро ба муносибати таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бунгоҳи тиббии замонавӣ табрик гуфта, аз дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф заданд.
Таъкид гардид, ки соҳаи тандурустии вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, марҳила ба марҳила беморхонаҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳо сохта ба истифода дода шуда

















































































































































































































































































































































































































































































