Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ хати оби полезии деҳаи Шитамро ба масофаи 1800 метр мавриди истифода қарор доданд, ки минбаъд 50 гектар заминҳои бекорхобида обёри мегарданд.
Дар деҳаи Шитам 120 хоҷагӣ зиндагӣ доранд ва аз ин иқдоми неку шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор мебошанд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокинонро бо фарорасии 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани хати оби полезӣ табрик гуфта, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд.
Дар ин мавзеъ имсол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 гектар боғ бунёд гардид, ки нисфи зиёди дарахтон дар нашъунамои хуб қарор доранд

















































































































































































































































































































































































































































































