6 сентябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Ҷамоати деҳоти Навободро ба истифода доданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои Ҷамоати деҳоти Навобод аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон дар ҳуҷраҳои барҳаво шароит фароҳам оварда шудааст. Инчунин бино дорои толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва китобхонаи замонавӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ анҷом ба расонида шудааст.

Раиси вилоят аз тамоми утоқҳои корӣ дидан намуда, ба сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Зимни мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод раиси вилоят ба истифода додани бинои мазкурро ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёби намуда, иброз дошт, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоса ноҳияи Шуғнон рушд намуда, қадам ба қадам ба як макони афсонавӣ табдил дода шуда истодааст.

Сокинон дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баистифода додани чунин бинои замонавиро туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ҳисобида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ намуданд.