6 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов раиси вилоят аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Гожак дидан кард.

Муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо малағи 600 ҳазор пурра таъмир гардида, инчунин аз ҷониби сокинон утоқҳои кори сохта дари худро ба руи хонандагон боз кард. Дар муассисаи мазкур зиёда аз 75 нафар таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон раиси вилоят аз шароити синфхонаҳои муассисаҳо, омӯзиши технологияи компютерӣ, ва кабинетҳои фаннӣ дидан намуданд.

Зимни суҳбат раиси вилоят омузгоронро муваззаф намуд, ки хонандагонро ба омӯзиши ҳарчи бештари барномаи таълимӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ, забономӯзӣ, ширкат дар озмунҳои фаннӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ҷалб намоянд.

Ҳамзамон дар баромади хеш раиси вилоят кулли сокинони деҳаи Гожакро бо фарорасии 34-умин солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.

Сокинони деҳа ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгириҳои ҳамешагӣ сипосгузорӣ намуданд.