6 сентябр раиси вилоят пас аз ифтитоҳи як қатор иншоотҳо дар ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону сокинони ноҳия мулоқот намуданд.
Нахуст, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ сокинони ноҳияро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Истиқлоли табрику таҳният гуфтанд.
Раиси вилоят аз дастгириҳои давлату ҳукумат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмини рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда баҳри боз ҳам равнақ додани корҳои созандагӣ пайваста кушиш менамояд.
Раиси вилоят ба соҳибкорону сармоягузорон ва сокинони шарафманди ноҳияи Шуғнон, ки дар ободониву бунёдкорӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, миннатдорӣ баён намуданд.
Дар баромади худ Мирзонабот Алишер Худобердӣ раиси вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки барои боз ҳам бунёд намудани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ чораҳои зарури андешида шавад .

















































































































































































































































































































































































































































































