6 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷон, деҳаи Сохчарв муассисаи томактабӣ ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта бо тамоми таҷҳизоти муосир ба истифода дода шуд.

Муассисаи томактабӣ бо маблағи 640 ҳазо сомонӣ сохта шуда айни ҳол 30 кудак ба тарбия фаро гирифта шуданд. Корҳои сохтмони дар муассисаи мазкур моҳи июл оғоз гардида, дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дари худро ба наврасон боз намуд.

Раиси вилоят ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои муассисаи томактабӣ туҳфаи идона ба ифтихори ҷашни бузургии миллӣ Истиқлоли давлатӣ ба кӯдакони деҳа маънидод карданд.

Ҳамзамон ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Шуғнон боз 6 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шуда, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Раиси вилоят сокинони деҳаро бо фарорасии 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи чунин як иншооти замонавӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки соҳаи маориф дар вилоят дар ҳоли рушд қарор дорад. Танҳо дар соли 2025 то ба ҳолати имрӯза 27 муассисаи томактабӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аҳли деҳа барои дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти Бадахшон сипосгузорӣ намуданд.