Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нoҳияи Шуғнон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш санаи 07 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнон “Дави Истиқлол” баргузор гардид. Иштироки фаъолонаи калонсолон, ҷавонону наврасон ва фаъолон шаҳодат аз он дорад, ки чорабинии мазкур ба як иди умумиллӣ табдил ёфта, дӯстдорони худро пайдо кардааст.

Дави Истиқлол дар маркази ноҳияи Шуғнон муташакилона баргузор гардида, дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил иштирокчиёнро шодбош гуфт.