Истиқлолият неъмати бебаҳо ва беназир аст.

Аз шаҳомати Истиқлолияти Ватан имрӯзҳо тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон рушди бесобиқа дорад ва дар ин раванд ноҳияи Шуғнон низ сол то сол симои худро дигар намуда, таъмини зиндагии шоиста дар ноҳияи мавриди амал қарор дорад. Ноҳияи Шуғнон бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми шарафманди он ба таври назаррас рушд ёфта истодааст,ки бунёди шаҳраки Ваҳдат, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ дар маркази ноҳия, пешрафт ва рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, амалӣ гардидани чор ҳадаф асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуғнон исботи ин гуфтаҳо мебошанд.Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст .

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шаҳраки Ваҳдат ҳамчун маркази ноҳияи Шуғнон дар як муддати кӯтоҳ аз сифр бунёд гардид ва ҳоло он ба як маркази муосири дорои инфрасохтори ҷавобгӯй ба талаботи замона табдил ёфтааст.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 26 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Ҳамзамон боз 8 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор доранд, ки дар доираи онҳо ба маблағи 236 миллион сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд

Маблағгузории соҳаи сохтмон дар ноҳияи Шуғнон беш аз 2,2 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин имкониятро низ даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.Бояд зикр кард, ки дар солҳои охир фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳияи Шуғнон рӯ ба густариш ниҳодааст ва нақши он дар пешбурди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ афзоиш ёфта истодааст.Тибқи маълумот то 1-уми майи соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 916 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар тӯли даҳ соли охир дар ноҳияи Шуғнон як қатор лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла дар деҳаи Барсеми ноҳия роҳи мошинагард ба масофаи 3,6 километр, долони зидди тарма ба масофаи 550 метр ва пули мошингузар ба дарозии 82 метр бо харҷи беш аз 240 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, имрӯзҳо ба истифода дода шудааст.

Солҳои охир соҳаи саноат дар ноҳияи Шуғнон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар ин самт нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омада истодаанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 6,6 миллион сомонии соли 1993 ба беш аз 61 миллион сомонӣ дар соли 2024 расонида шуда, 9 баробар зиёд гардидааст.

Дар 31 корхонаи саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи аввали соли 2025-ум 14 фоиз афзоиш ёфтааст..Дар 34 соли замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Шуғнон 21 иншооти энергетикӣ ба маблағи умумии 92 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки устувории таъминот бо барқ ва сифати кори шабакаҳоро куллан беҳтар намудааст.Ҳамзамон ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, энергияи офтобӣ, ба бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳия бо иқтидори 3 мегаватт ва бо арзиши 55 миллион сомонӣ оғоз бахшида шуд.Инчунин, бинои беморхонаи марказӣ, кӯдакистон барои 150 ҷой дар шаҳраки Ваҳдат ва якчанд муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ва фабрикаи парандапарварӣ дар деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов ба истифода дода шуданд.

Амалӣ гардидани чунин иқдомҳои созанда ба боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия, беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.Танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 10 корхонаи нав таъсис дода шудааст.Боиси қаноатмандиву таҳсин аст, ки дар як соли охир шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия аз 16 ба 31 расидааст.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ имрӯз як қатор иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, корхонаҳои бандубасти мева ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Пашор, пул ва роҳи мошингард дар деҳоти Сучон ифтитоҳ гардиданд. Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон аз 226 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохтмону азнавсозии 190 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 111 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон фазои нави ободониро фароҳам овард ва ба беҳбудии зиндагии сокинон таъсири мусбат расонид.

Бояд гуфт ки ноҳияи Шуғнон минбаъд низ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта , аз ин бештар ободу зебову назаррабо хоҳад гашт. Ҷашни Истиқлоли Ватан бо нурбахшиву сафои худ яке аз беҳтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳо ба шумор рафта, дар қалби сокинони босаодату босавлати Шуғнон маъвои гирифтааст.

Бо камоли эҳтиром ҷашни Истиқлолу ободии Ватанро барои аҳли Шуғнон ва тамоми ҳамватанон ҳумоюн мегӯям.

Иди Истиклол муборак ҳамватанони азиз.

Шохурамзода Руслан муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон