Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз дар ватани маҳбубамон Точикистон 34-умин солгарди Истиклқолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистонро, бо шукуҳу шаҳомати хоса чаши гирифта истодаанд.. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоёнро ба муносибати чашни муқаддаси миллати куҳанбунёди точик табрику тахният гуфта, бароятон сиҳатӣ, саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи кор барору комёбихои беназирро таманно менамоям. Ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони Ватани бихиштосои мо дар фазои сулху амонӣ, бо рухияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони сохибистиклоли тачлил мегардад. Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаи таърихи навини ватанамон бо хати заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустакили милли гардидани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ партарафшон гардидани парчами давлати тоҷикон мебошад. Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдорӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёсию фарҳангӣ мебошад. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият ба чаҳони мутамаддин пайвастани давлати сохибистиклоли Тоҷикистон мебошад. Тоҷикон аз кадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буда, солҳои сол дар дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри такдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву ичтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халки точик аз нав ба эхё ва эъмори давлати миллии худ бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ноил гардида, 9- сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу вазнини ниҳоят соҳибихтёри Точикистон арзи ҳастӣ намуда, аз оғози марҳилаи нави тоза дар ҳаёти халқи мо башорат дод. Албатта расидан ба ин рӯзҳои орому пурсаодат ва таъмин кардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барои мо бар ивази ҳисороти чониву моли, машаққатхои сангини маънавӣ муяссар гардидааст. Рохи сулх бароямон роҳи наҷоти миллат ва соҳибистиқлолӣ буд. Мардуми мо окибатҳои чанги харобоварро саривакт дарк карда, бо эътимоди қавӣ барои нигох доштани давлати соҳибистиклол тамоми арзӣ рукнҳои давлатдорӣ ва сулхофариро пазируфтанд. Мо бояд ба наслҳои имрӯзу оянда дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки сохибватан будан ифтихори бузург аст ва ҳамзамон ба ин неъмати бебаҳо яъне Ватан ва истиклолияти он бирасанд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо ба ҳайси яке аз чеҳраҳои муътабари сиёсати чаҳонӣ эътироф шудаву дар дохилу хориҷи кишвар эхтироми хоса доранд. Сухану андешаҳояон арзишманд ва дар ҳимоят аз манофеи кулли башарият аз минбархои хеле баланд садо додаву эътироф мегарданд. Дар робита бо кишварҳои хаммарз низ аз дурандешиву хамсоягии нек кор мегирад, ки ни амали башардӯстонаашон, бахусус дар мархилаи бархурди нуфузи манфиатҳои абарқудратҳо байналмилалии эшонро меафзояд. Эътирофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон хамчун

сарвари сиёсии муваффақ ва пуртачриба ифтихори тоҷикони чаҳон аст. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайвандгарди дӯстӣ, байни халкҳо мебошад. Давлати мо тахти рохбарии фарзона фарзанд Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти пешбурди сиёсати ҳамчавории нек риштаҳои анъанавии дўстӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли масъалаҳои мубрами чаҳонӣ аз рӯзҳои нахусти Истиклолияти давлатӣ муносибатҳоро бо кишварҳои ҳамсоя пеш бурда истодааст. Бояд кайд намуд, ки Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мураккаб нақши муҳим дошта.. барои сулху субот ва рушди инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад. Истиклоли давлатӣ барои миллати точик нишони барчастаи пойдории давлат, бакон миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба чахони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиклоли Точикистон аст. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате сохиби ному иззат шуда метавонад, ки истиклоли вокей ва давлати озоду мустакили хешро дошта бошад. Точикистони сулҳмеҳвар тахти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи чаҳоий чун давлати демократӣ, хукукбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ милли ва ягона муаррифӣ шуда, рӯз то рӯз нуфузу эътибори байналмилалии Ватани азизамон меафзояд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми сафари кории Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, минҷумла ноҳияи Шуғнон 13 адад иншоотҳои муҳими ичтимоию иқтисодии ноҳия мавриди ифтитох карор дода шуданд. Боиси хушнудист, ки дар арафаи 34 -умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон бунгохи тиббии дехаи Морчи Ҷамоати деҳоти Ванкалъа, кубури обгузари Ҷамоати деҳоти Вер, бинои маъмурии дуошёнаи Ҷамоати деҳоти Навобод, бинои иловагии МНДРА-и минтакаи Ғунд, муассисаи таълимии раками 4 деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов, бинои муассисаи таълимии рақами 7 дехаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти М.Ширинчонов, сохтмони хати оби нӯшокии деҳаҳои Кулев ва Танги чамоатҳои деҳоти Навобод ва Сучони нохия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бояд кайд кард, ки силсила барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар рушди қтисодиву иҷтимоии ноҳия нишондиҳандаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти давлат Пешвои муаззами миллат нисбат ба диёри кухистони мо мебошанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии миллат, Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон Ватани азизамон рушд карда, давлатдории муосири точикон шакл гирифта, макоми Точикистон дар арсаи чахонӣ боло рафт. Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ, нишонаивозеҳи ҳастии миллат мебошад вахалки точик ҳамасола ин чашни мукаддаси миллию давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад. Дар даврони соҳибистиклоли Точикистони манзалати макому соҳибихтиёр ва халки соҳибфазилати точик дар арсаи байналмилалӣ шоистатар гардида, халқи ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои сулхҷўёнаву башардӯстонаи роҳбарияти олин давлату Хукумати Чумхурии Точикистон чонибдорӣ менамояд. Бо шарофати Истиклоли давлатӣ имрӯз садо иточиконро аҳли сайёра мешунаванду Точикистон аз минбархои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башарият мегӯяд. Дар шароити кунунии чахони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз хар як фарди бонангу номуси миллат такзо дорад, ки зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, дастовардҳои истиклолият, таҳкими пояхои давлатдорӣ, ваҳдати милли сулҳу субот, таҳкими миньбадан риояи конуният барои Ватани азизамон равона созем. Сокинони бонангу номуси ноҳияи Шуғнон сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, талош бар он доранд, ки сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, муҳтарам Эмомали Рахмонро ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо дастовардхои беназир пешвоз мегиранд. Дар фарчом аз фурсати муносиб истифода бурда, шахсан аз номи худам ва мардуми сарбаланду саодатёри ноҳияи Шуғнон хамаи уин солгарди Шуморо ба ифтихори Истиклолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон дар кору фаъолияти минбаъда бурдборӣ, сиҳатӣ, саломатӣ, рӯзгори орому осударо таманно менамоям.