Тибқи нақшаи чорабиниҳои аМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бахшида ба таҷлили 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил санаи 8-уми сентябри соли равон дар Дидбонгоҳҳои сарҳадии деҳаи Гожак ва Нишуспи Ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозов чорабинии идона баргузор шуд.

Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни суханронии хеш ҳайати шахсии дидбонгоҳҳои ҳарбиро ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон хизмати софдилонаву содиқонаро дар осмони софу беғубори Ватани маҳбубамон таманно кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми чорабини Афсарону сарбозон барои хизматҳои шоён ва содиқ ба Ватан бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабиниро бошад, ҳофизи умедбахшу шинохтаи бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои марғуб хотирмон сохта, ба афсарону сарбозон фараҳу шодӣ бахшид.