Санаи 9 сентябри соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-моёр Исозода Сулаймон Умар ва раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил дар деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Меҳмонон сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи сокинони ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.
Сипас раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил баромад намуда, қайд дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Дар идома бархе аз кормандон ва фаъолони ноҳия бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдони гардиданд.
Ҳамзамон барномаи фарҳангӣ фароғатии ҳунармандони ноҳияи Шуғнон манзури иштирокдорон гардид.
Дар фарҷом бозии ниҳоии мусобиқа аз намуди волейбол, ки байни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шуда гузашт доир гардида варзишгарон бо ифтихорномаву медалҳо ва мукофоти пули сарфароз гардонида шуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































