Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозов бо сокинон сӯҳбату вохуриҳо доир намуданд.
Гуруҳи кории ноҳия баромади хеш оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин дар бораи сафарбар намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи эҳтиром ба принсип ва арзишҳои қонуният ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.





















































































































































































































































































































































































































































































