Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки «Мактаб ба мактаб»-и сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагону волидон идома дорад.

Тибқи нақша дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 -и Ҷамоати Ғ. Шаҳбозов бо омӯзгорону хонандагон ва волидон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳи, бахши кор бо занон ва оила ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд.

Аз ҷониби баромадкунандагон масъалаҳои муҳимми рӯз, аз ҷумла, пешгирии терроризму экстремизм, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, инчунин, тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.

и ещё 2

Посмотреть статистику

Охват публикации: 1 339

Все реакции:

74Вы, Шахбоз Мастонов, Саидгул Рахматшоев и ещё 71