Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди саноат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ имконоти мусоиду шароити арзандаро фароҳам овардааст.

Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва талошҳои соҳибкорони муваффақи ватанӣ, соҳаи саноати ВМКБ сол ба сол рушд намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст.

Дар ҳамин замина, дар деҳаи Бердибекободи ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маросими тантанавии ба истифода додани корхона бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид. Сокинони маҳаллӣ ин рӯзи фархундаро бо самимият истиқбол намуда, меҳмононро бо оҳангҳои дафу доира пешвоз гирифтанд.

Дар марҳилаи оғози фаъолияти расмии корхона, роҳабрияти вилоят таъкид намуданд, ки аввал роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ мумфарш карда шаванд ва баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар маркази вилоят, иқдомоти минбаъда ба сӯи азнавсозии дигар роҳҳо равона карда шавад.

Зимни суханронӣ раиси вилоят таъкид намуданд, ки фаъол гардидани чунин иншоот идомаи мантиқии сиёсати созанда ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди саноат, дастгирии соҳибкорон ва таъмини некӯаҳволии мардум равона шудааст.

Аз номи сокинони деҳаи Бердибекобод изҳор гардид, ки ифтитоҳи чунин корхонаи бузурги саноатӣ рӯйдоди таърихӣ ва сарчашмаи ифтихор буда кадами дигар роҳи ободу зебо гардидани ин гушаи ватани азизиамон Тоҷикистон дониста мешавад. Аҳолии деҳот бо самимият изҳор доштанд, ки дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум неруи тоза мебахшад ва барои зиндагии шоиста заминаи муосидро фароҳам меорад.

Албатта фаъол гардидани ин корхона на танҳо шароити беҳтари зиндагиро таъмин мекунад, балки барои фарзандони сокинони деҳот имкониятҳои нави шуғл ва ояндаи равшанро муҳайё месозад.

Ин иқдом бунёди корхонаи нави саноати дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи татбиқи ҳадафҳои эълонгардидаи “Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, ба таъмини маҳсулоти асфалти зарурӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохили ноҳияҳо ва шаҳру навоҳии ВМКБ мусоидат хоҳад кард.

Арзиши умумии лоиҳа беш аз 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Шоҳрух Искандаров сохта шудааст.

Дар марҳилаи аввал дар корхона 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин иқдом қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи шуғл ва беҳтарсозии шароити зиндагии мардум арзёбӣ карда мешавад.

Дар асл бунёди корхонаи истеҳсоли асфалт на танҳо ба рушди соҳаҳои роҳсозӣ ва таҳкими инфрасохтори нақлиётии ВМКБ равона гардидааст, балки ба пешрафти иқтисодиёти минтақа ва беҳбудии зиндагии мардум мусоидати назаррас хоҳад кард.

·