Идомаи ҳашари умуминохиявӣ дар ҳоҳияи Шуғнон
Субҳи имрӯз низ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дастуру супоришҳои Раиси нохияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил кормандони мақомот ва зерсохторҳои он, кормандони соҳаи маорифу ҷавонон, соҳаи тандурустӣ ва дигар идораву муассисаҳо, инчунин сокинони боҳиммати ноҳия ҳашари дастаҷамъона бо рӯбучини гирду атрофи биноҳои маъмуриву ҳавлиҳои истиқоматӣ, тоза намудани шафати роҳҳои ҳудуди ноҳия, обёрӣ ва аз алафҳои бегона, тоза намудани бехи дарахтон дар сатҳи баланд ташкил карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъона оид ба тозаву озода нигоҳ доштани макони зист баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ва ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст.






















































































































































































































































































































































































































































































